National self-conscionsness from Sotim Ulug-zade s viewpoint

Тип работы:
Реферат
Предмет:
Литературоведение


Узнать стоимость

Детальная информация о работе

Выдержка из работы

ФИЛОЛОГИЯ PHILOLOGY
УДК 8т2 С. ЭМОМАЛИ
Э-57
ББК 83.3 (2т)
ХУДШИНОСИИ МИЛЛЙ АЗ НИГО^И СОТИМ УЛУГЗОДА
Мавзуи худшиносии миллй дар адабиёти точик мавзуи комилан нав нест. Аз шоирони адабиёти классикй устод Рудакй, Фирдавсй, Саноии Газнавй, Фари-дуддини Аттор, Чалолуддини Балхй, Низомй, Саъдй, Х, офиз, Чомй, Бедил, Ахмади Дониш сар карда, то адибони адабиёти асри ХХ устод С. Айнй, А. Лохутй, А. Фитрат, М. Турсунзода, С. Улугзода, Ч,. Икромй, Рахим Чалил, Алй Хуш дар мавзуи фавк ибрози андеша намудаанд. Аммо, мавзуи мазбур то сохибистиклол шудани Чумхурии Точикистон зери назорати сахти идеологияи коммунистй карор дошт. Чи хеле ки профессор М. Имомов кайд намудааст: «Мавзуи худшиносй ва худогохии миллй дар даврони шуравй мавриди назорати сахт карор гирифта буд ва нависандагон имкон надоштанд, ки аз хадди эътидол фарохтар по бигзоранд» (2, с. 79).
Баъди сохибистиклол гардидани Чумхурии Точикистон ва ба даст омадани истиклолияти сиёсию фархангй мавзуи худшиносии миллй яке аз мавзуъхои мубрами руз карор гирифта, мавриди таваччухи давлату хукумат, ахли фарханг ва бевосита Сарвари кишварамон карор гирифт. «Асархои пурарзиши Садриддин Айнй, Абулкосим Лохутй, Пайрав Сулаймонй, Мирзо Турсунзода, Х, абиб Юсуфй, Мирсаид Миршакар, Сотим Улугзода, Чалол Икромй, Рахим Чалил, Абдусалом Дехотй, — кайд кардааст, Президенти мамлакат Эмомалй Рахмон, — дар мавзуъхои гуногуни сохтмони хаёти нав танин андохта, аз садои дил ва махсули мехнати бунёдкоронаи халки точик ба чахониён мужда мерасониданд» (3, с. 3).
Бидуни шакку шубха дар таърихи адабу фарханги асри ХХ адибе, ки баъд аз устод Айнй дар инъикоси бадеии таърихи халки точик, масоили миллй, худшиносию худогохй, гаму дард, шодиву нишот ва бурду бохти миллати точик сахми арзанда дорад, Сотим Улугзода мебошад. Чи хеле ки профессор Х. Асозода кайд мекунад: «Вобаста ба мавзуи худшиносй ва тадкики бадеии
чехрахои aдaбивy таърихй осори сахнавиву насрии устод С. Улyгзодa мавкеи мaхcyc дорад» (1, с. 175).
Таваччухи Сотим Улугзодаро такдири таърихии халки точик хануз хангоми тахсил дар Дорулмуаллимини точикии шахри Тошканд (1925−1929) ба худ чалб намуда ва баъдтар ин масъала дар эчодиёташ беш аз пеш мавкеъ пайдо карда, минбаъд барномаи эчодиашро ташкил намудааст. «Ман (С. Улугзода — С. Э.) дар солхои баъд таърихи халки худро омухтам, бо эчодиёти Рудакй, Носири Хусрав ва арбобхои дигари маданияти гузаштаамон шиносой пайдо кардам, лекин олими рус (профессор Андреев — С. Э.), ки нахустин бор ба ман „халки худро шинос“ гуфт ва худаш хам намунаи чунин шиносой буд, як умр дар хотири ман монд» (5, с. 272). Тавре ки аз ишораи худи нависанда ва осори чопии у бармеояд, ин шинохт аз таъриху фарханги миллати худ то андозае мавриди бахрабардорй карор гирифтааст. Аз солхои 40-уми асри ХХ сар карда, устод С. Улугзода ба тадкику баррасй ва тасвири бадеии рузгору осор, мактаби илмию адабй, мухит ва замони зиндагии мутафаккирони бузурги точику форс -Рудакй, Фирдавсй, Сино, Носири Хусрав, Саъдй, Х, офиз, Чомй ва Ахмади Дониш камар баст ва дар киноповестхои «Кисмати шоир», «Ч, авонии ибни Сино» намоишномаи «Рудакй», повестхои «Субхи чавонии мо», «Ривояти сугдй», романхои «Bоcеъ», «Фирдавсй», песахои к^осе^), «Алломаи Адхам ва дигарон», рисолаи «Пири хакимони Машрикзамин», «Темурмалик» барин асархои насриву намоишномахояш таърихи пурфочиаи халки азизашро мавриди тадкики бадей карор дод, то хамзамононашро ба шинохти хакикати таърихй ва худшиносиву худогохии миллй хидоят намояд. Х, арчанд ки мавзуи худшиносии миллй дар эчодиёти Сотим Улугзода мавриди таваччухи алохида карор нагирифта бошад хам, вале ин чихати фаъолияти эчодии уро донишмандон: М. Шукуров, Л. Демидчик, С. Ш. Табаров, Х. Шарифов, М. Ра-чабй, Р. Мусулмониён, Х. Асозода ва М. Исоматов дар маколахои илмию моно-графияхои алохидаашон дар мавридхои муносиб ишорахо кардаанд.
Ба табъ расидани романи к^осеъ" дар хаёти фархангиву адабии мардуми точик ходисаи фарахбахш буд. Нависанда дар асар ба мухимтарин лахзахои хаёти мардуми кухистони точик назар андохта, зиндагии токатфарсои мардуми ин сарзаминро ба воситаи кахрамони марказии асар — Bоcеъ нишон додааст.
Ифтихор аз ватану ватандорй, химояи шарафу номуси инсонй низ яке аз пахлухои худшиносист, ки дар романи «Bоcеъ» баръало ба назар мерасад. Bокеaн дар асар мебинем, ки офати хушксолии дусола мардумро ба шуриш бархезондааст, хол он ки сабаби асосии ин киёми халкй сохти чомеаи феодалии хамонруза буда, дар муколамаи Bоcеъ бо мулло Сафар вазъияти ичтимоии давр бо тамоми возехй ба хонанда аён мегардад.
Дар муколамае, ки дар зер хохад омад, нависанда саъй намудааст, ки чахони ботинй, дидгох, казовату арзёбии кахрамони худро перомуни арзишхои асрхо шаклгирифтаву суратёфтаи инсонй мисли ватандорй, механпарастй, нангу номус ва монанди инхо бозтоб намояд.
Тибки тасвири С. Улугзода мардуми камбизоату оддие, ки машгули рузгори хешанд чахони маргубу рангине доранд, ки аз хар нигох бо лутфу волотар аз табакаи сарватманд аст.
Неруи бузурге дар ниходи ин тоифа чойгузин аст, ки иттиходу иттифоки онхо метавонад хар низомеро сарнагун созад. Дар радифи ин хусусияти зотй мардуми захматкаш хамчунин тахаммулпазиру дурандеш аст. Bокеиятpо ба гунаи лозим баррасй мекунад ва танхо дар лахзахои ногузир даст ба икдоми нихоиву такдирсоз мезанад, ки порчаи поёнй исботи ин матлаб аст. «Ман фосеъ — С. Э.) мехохам як бор ба ин золимон, ба ин хунхорон, ба ин дарандагони дупо нишон дихам, ки мо, факирон хам одамем, чон дорем, номус дорем, агар якдилу якчон шавему хезем, онхоро зада метавонем. Ин азм ва катъияти сардори шуриш муллоро дар хайрат афканд. Аслан акидаи мулло Сафар дар бораи усули идораи аморати мангития, акидае, ки у дар хучраи мадрасаи Тиллокории Самарканд ба Bоcеъ ва Назир изхор карда буд, на факат тагйир наёфта, балки пас аз сафари у ба кухистон ва дидани он хама бедодгарии хокиму амалдоронаш боз мустахкамтар шуда буд. Аммо вай, муллои рахмдил, некхох, беозор, аз кушокушй метарсид, кушокушие, ки бе шакку шубха сарбозони амиру хокимон ба амал хоханд овард. Baле аз гуфтори Bоcеъ ба хубй хис кард, ки дар вокеъ факиронро гайр аз шуриши хар чй бодо бод чораи дигар намондааст» (4, с. 274). Х, амин чабру зулми бепоён сабаб гардид, ки мардуми авом бо сардории Bоcеъ ба шуриш бархостанд.
Тавре ки ишора рафт, огози фаъолияти адабии С. Улугзодаро метавон ба солхои тахсилаш дар Дорулмуаллимини точикии шахри Тошканд нисбат дод. Андешахои миллии нависанда дар Дорулмуаллимини мазбур махз баъд аз шиносой пайдо намуданаш бо яке аз шахсиятхои фархангии хамон замон -устод С. Айнй ва панди профессори рус М. С. Андреев дар бораи «шинохти халки худ» сурат бастааст. Ба ин маънй аввалин икдоми чиддии С. Улугзодаро дар рохи манфиатхои миллй хамоно тахсили Дорулмуаллимин дониста, чихати амалии онро дар интишори киссаи таърихии «Ривояти сугдй» ба мушохида гирифтан мумкин аст.
«Ривояти сугдй» бори нахуст соли 1975 дар мачаллаи «Садои Шарк» (№ 11 -12), солхои 1977, 1984 дар шакли китоби алохида нашр шудааст. Сотим Улугзода агар дар романи к^осеъ" ходисахои таърихии солхои 80 — уми асри Х1Х-ро инъикос карда бошад, дар повести «Ривояти сугдй» моро ба вокеахои таърихии хеле дур — замони истилои араб дар асри VII ба Мовароуннахр ошно мегардонад. Дар баробари ин, дар кисса хаёти сиёсию фархангй, ичтимоию иктисодй, тарзи зиндагонии мардуми Сугди хамонвакта, чашну маросимхо ва расму оинхои кадимаи ачдодони мо тасвир ёфтааст. С. Улугзода дар кисса ба зиндагии суннатии сугдиён ахамияти махсус дода, чунин нигоштааст: «Дар Сугд хеч яке аз маросимхои бисёри сугдиён бо чунин фарохй, шукух ва хуррамии тамоми халк чашн гирифта намешуд, чуноне ки Навруз гирифта мешуд. Марду занхо, бачахо либосхои рангоранги идона пушида, ба сайри сахрохо, богу бустонхо мебаромаданд ва ба шарафи вуруди тобистони файзбор таронахо мехонданд, бозихои гуногун барпо менамуданд. Мехмондорихо, зиёфатхои хамдигарй авч мегирифтанд.
Ин чашн аз хама бошукухтару хуррамтар дар сайргохи беруни шахр баргузор мешуд: дар он чо созанда ва сарояндагон, гуяндагон, раккосон, шуъбадабозон издихоми халкро дилхуш мекарданд. Ч, авонон гуштингирй,
чавгонбозй мекарданд, пойга метохтанд» (5, с. 368). Бидуни шак «Ривояти сугдй» миёни осори устод С. Улугзода ва гузашта аз ин дар насри муосири точик чойгохи хосе дорад. Махз дар сахифахои хамин асар аст, ки мо бо мазхари зиндагии мардуми точик, сахнахои дилангезу ибратомузи таърихи пурифтихори он ошно мешавем.
Тарсиму бозтоби расму ойин, анъанот, ки гушаи сабзи фархангу тамаддуни мардуми точик махсуб мешавад, чанбаи хунарй, адабии асарро нихоят кавй намудааст.
Хонанда бо мутолиаи асар ба гузаштаи хеле дури таърихи пуршукухи миллати мо ошно мегардад. Яке аз хидматхои нависандагони боистеъдоду сохибхунар низ хамин аст, ки эшон дар хифзу нигахдошти хофизаи таърихи мардум накши корсоз доранд. Х, офизаи таърихие, ки баёнгари тамоми доштахои маънавй, адабй, фархангии як миллат аст.
С. Улугзода бо эчоди киссаи «Ривояти сугдй» хостааст, ки халкашро бо гузаштаи дураш, бо доштани таъриху тамаддуни кадимй, фарханг ва урфу одатхои ачдодй ошно созад.
Мавзуи дигари ин асарро ватанхохй ва ватанпарастй ташкил мекунад. Аслан миёни тамоми эхсосоте, ки дар ниходи инсонй чойгузин аст, волотаринаш ба андешаи мо хамин эхсоси ватандориву механдустист, ки зикраш дар боло низ рафта буд.
Baтaндуcтй мисли донаест, ки ба хотири руишу сабзиш дар хок шинонда мешавад ва ниёзманди парваришу мувочибот аст. Дар рутттду инкишофи ин тухми инсонсозу зиндагиофар дар радифи дигар ниходхои ичтимой накши шоирону нависандагон низ нихоят судманд аст.
Махз як адиб, як хунарманд метавонад бо навиштахои худ, зикри мисолхои хубу ибратомуз ба чахони фикру андешаи чавонон ворид гардад, таъсир бигузорад ва хисси мухаббату дустдориро нисбат ба Baтaн, марзу бум парваронад. Зимни мутолиаи «Ривояти сугдй» ба намунахои чолибе бармехурем, ки бисёр таъсирбахшу коргаранд ва ба андешаи мо дар камолу тарбияти эхсоси ватандории чавонони мо ахамияти зиёде доранд. Барои намуна метавон мисоле накл намуд.
Кахрамонхои марказии киссаи «Ривояти сугдй» падару писар буда, фочиаи падари номурод, ки писари часуру тавонояшро гурури чавонй, хавою хаваси пахлавони сол шудан гирифтори гуломй ва асирй мегардонад, тасвир шудааст. Образи марказии асар чавонмарди сугдй — Bиpкaн дар гуломй хам бахри озодию химояи Baтaн мубориза бурда, чони худро дарег надоштааст. & lt-^иркан шарикони бадбахти худро ба исён даъват мекард:
— Шумоёнро ба фармонбарию хомушй факат тарси чон мачбур мекунад, -мегуфт у (Bиpкaн — С. Э.) ба онхо. — Лекин магар аз ин гуна зиндагй марг бехтар нест? Чаро мо бояд ба ин хама ранчу азоб токат кунем? Пас, биёед киём мекунем, саркорону посбононро мекушему мегурезем.
— Ба кучо? — мепурсиданд гуломон.
— Ба биёбон, чавоб медод Bиpкaн.
— Охир, саворони Саид, сарбозони хоким аз дунболи мо меафтанд, дастгирамон мекунанд, он гох вой ба холи мо!
— Магар бе ин хам «вой ба холи мо» нест? Ба сарафрозй мурдан дар чанг аз мурдан бо сархамй дар ин асорати нангин авлотар аст (5, с. 431).
Вокеан хам, чонфидой бахри химояву хифзи ватан, ки яке аз суннатхои олии кадими мардуми эронинажод аст, дар кисса ба хубй эхсос карда мешавад.
Дар осори устод С. Улугзода ба масоили мухталифе метавон рубару шуд, ки хар яке аз онхо дар тафсиру ташрехи мафхуми худшиносиву худогохии миллй кобили мулохизаанд.
Вокеан, ба хотири он ки як нафар дар домони ичтимои хеш ба маъниву мохияти мафхумхои зиндагисоз пай барад ва ба умки он бирасад, бояд мархилаи зиёдеро тай кунад. Шахсеро, ки дар садад аст ба марзи худшиносй бирасад, лозим аст дар заминахои мухталиф мисли таъриху фарханг ва адаби ниёгон мутолиоти фаровон дошта бошад. Дар ин росто накши адабиёти бадей, осори адибони пешину нависандагони муосир бисёр судманд аст. Ачзое, ки пайкараи кулли худшиносиро ташкил мекунанд, мисолу намунахояшон дар мероси гузаштагон ва навиштахои муосирон зиёд аст. Эчодиёти С. Улугзода низ аз хамин радиф истисно нест.
Мавзуи худшиносию худогохии миллй хам дар самти фаъолияти илмй, драматургия ва хам дар сохаи осори бадеии С. Улугзода ба назар мерасад. Манфиатхои миллии халки точик дар кулли эчодиёти нависанда дар чойи аввал меистад, ки ба табъ расидани романи «Фирдавсй» на ин ки исботи гуфтахои боло, балки намунаи олии он осори насрии адиб мебошад.
Донистани таъриху фарханги миллат, эхтирому арчгузорй ба суннатхои миллии ачдодон низ яке аз нишонахои худшиносии миллй мебошад, ки мавзуи марказии романи «Фирдавсй» — ро ташкил намудааст. Махз ана хамин масъала Фирдавсии С. Улугзодаро водор намудааст, ки гузаштаи хешро ба риштаи назм кашад:
— Аз назм кардани «Шохнома» максудат чй будааст? Аз шохон силаи фаровон гирифтан ва тавонгар шудан?
— На, аълохазрат, максудам танхо ин набуд. Албатта, чунин умедам низ буд, ки дар пирй бениёзй биёбам, аммо максади умда — ба лутфу инояти Худовандй таърихи мулук ва осор ва хикмати Ачамро зинда гардонидан буд, бо гуфтори сара ва дилпазир агар тавонам, то дар чахон аз худ ёдгоре бокй гузошта бошам (6, с. 177).
Сотим Улугзода дар романи «Фирдавсй» рузгору осор, мухит ва замони зиндагии Абулкосим Фирдавсиро хангоми заволи давлати Сомониён ба тасвир кашидааст. Аз ин чост, ки яке аз сабабхои асосии кадр нашудани «Шохнома» -и безаволи Х, аким Фирдавсй, агар мухити носолими шоирони маддохи дарбор, аз кабили Унсурию Фаррухй ва Асчадй бошад, аз суи дигар, беэхтиромии султон Махмуд нисбат ба таърихи кухан ва фархангу тамаддуни эронй буд. «Ба назари Улугзода — кайд мекунад профессор Х. Шарифов, — подшохони турк аз донишу хирад, аз эхтироми фарханги эронй дур буданд ва бар он изхори бегонагй менамуданд. Дар хамин буд кадрношиносии султон Махмуд ба Абулкосим Фирдавсй» (7, с. 148).
Таъкид кардан бамаврид аст, ки дар романи «Фирдавсй» низ ин нукта бо як махорати баланди нигорандагй дар муколамаи султон Махмуд бо Абулкосим
Фирдавсй дар боби «Дар кабули шох» оварда шудааст, ки шоири ватанпарасту хештаншинос гирд овардани таърихи куханро дар панду хикматхо, фазилату одоб, кадри сухан ва дониш барин чизхо медонад, ки хеч гох наву кухна набуда, барои хар давру замон арзиши маънавй доштани онхоро зарур мехисобад. «Шохам, агар гуфтори банда бечост, аз карами хумоюнй бахшоиш мехохам. Дар „Шохнома“ агарчи сухан аз бостонзамон меравад, онро хадиси кухан ё фасонаи кухан наметавон гуфт. Дар чахон чизхое хастанд, ки кухна шудан надоранд: панду хикмат, андарз ва ибрате, ки аз пешиниён ба пасояндагон мерасанд, хамеша наванд. Х, ар чи дар он рузгорон аз ниёгони мо ба зухур омадааст, хох нек ва хох бад, хох савоб ва хох хато, хама пандомуз аст. Банда бо хамин эътикод ранчи сиюпанчсоларо тахаммул карда, „Шохнома“ нигоштам» (6, с. 181).
Дар хакикат, романи «Фирдавсй"-и С. Улугзода хонандаро ба хисси баланди ватандорй, худшиносиву худогохии миллй хидоят намуда, масъалаи мазкур дар асари мазбур тахкику тахлили чиддиро такозо дорад ва сазовори тахкики алохида мебошад. Ин аст, ки дар хама офаридахои нависанда шахсиятхои таъ-рихй бо акидахои тараккипарваронаи худ макому манзалатеро доро мебошанд.
Пайнавишт:
1. Асозода, Х. Адабиёти тоцик дар садаи ХХ/X. Асозода. — Душанбе: Маориф, 1999.
— 448 с.
2. Имомов, М. С. Ца^онбинй ва тафаккури бадеии Садриддин Айнй /М. С. Имомов. -Душанбе: Матбуот, 2001. — 120 с.
3. Ра^монов, Э. Ш. Фар^анг %астии миллат аст/ Э. Ш. Ра^монов. // Садои мардум. -2001. — 24 март. — С. 3.
4. Улугзода, С. Восеъ / С. Улугзода. — Душанбе: Ирфон, 1979. -369 с.
5. Улугзода, С. Суб^и цавонии мо / С. Улугзода. — Душанбе: Ирфон, 1982. — 447 с.
6. Улугзода, С. Фирдавсй / С. Улугзода. — Душанбе: Адиб, 1991. — 253 с.
7. Шарифов, Х. Гуяндаи достони таърихи тоцикон/ Х. Шарифов. //Озурдагон ва умедворон. — Душанбе: Сино, 2001. — 195 с.
Reference Literature
1. Asozoda Kh. Tajik Literature of the XX-th Century. -Dushanbe: Maorif (enlightenment),
1999. -448pp.
2. Imomov M.S. Sadriddin Aini'-s Outlook and Imaginative Ideas. -Dushanbe: Matbuot
(printed press), 2001. -120pp.
3. Rakhmonov E. Sh. In what the Nation'-s Culture Lies. // Sadoi Mardum (Nation'-s Voice). -2001. -March 24. -p.3.
4. Ulugzoda S. Vose. -Dushanbe: Irfon, 1979. -369pp.
5. Ulugzoda S. The Dawn of our Youth. -Dushanbe: Irfon, 1982. -447pp.
6. Ulugzoda S. Firdawsi. -Dushanbe: Adib (writer), 1991. -253pp.
7. Sharifov Kh. Narration of the History of Tajiks// Those who Suffer, but Hope. -Dushanbe:
Sino, 2001. -195pp.
Национальное самосознание с точки зрения Сотима Улуг-заде
Ключевые слова: национальное самосознание, рост самосознания, таджикская литература, Сотим Улуг-заде, роман «Фирдоуси»
Одним из важнейших факторов общественно-политической жизни Таджикистана в последние годы является рост национального самосознания, которое служит гарантом реализации национальных интересов и чаяний. Разработка темы национального самосознания в таджикской литературе встречается в произведениях Рудаки, Фирдоуси, Санои, Газнави, Аттара, Балхи, Низами, Саади, Джами, Бедиля, Ахмада Дониша, С. Айни, А. Лохути, А. Фитрата, М. Турсун-заде, С. Улуг-заде, Дж. Икрами, Рахима Джалила, Али Хуша. Но данная тема до обретения Таджикистаном независимости находилась под строгим контролем коммунистической идеологии.
Автор рассматривает данную тему в контексте романа «Фирдоуси» великого таджикского писателя Сотима Улуг-заде. Роман призывает читателя к высокому чувству патриотизма, проявлению национального самосознания и самопознания, и тема национального самосознания на основе этого произведения заслуживает подробного и детального рассмотрения.
National Self-Conscionsness from Sotim Ulug-zades Viewpoint
Key words: national self-consciousness, growth of self-consciousness, Tajik literature, Sotim Ulug-zade, the novel «Firdawsi «
One of the most important factors of social-political life in Tajikistan for the latest years is a growth of national self-consciousness which serves a guarantor for realization of national interests and cherished desires. Elaboration of the theme of national self-consciousness in the Tajik literature is present in the literary productions belonging to Rudaki, Firdawsi, Sanoi, Gaznavi, Attor, Balkhi, Nizami, Saadi, Djami, Bedil, Akhmad Donish, Sadriddin Aini, A. Lokhuti, A. Fitrat, M. Tursunzade, Dj. Ikrami, Rakhim Djalil, Ali Khush.
But before acquiring independence this theme was under a strict control of communist ideology in Tajikistan.
The author treats the theme in the context of the novel «Firdawsi «by the great Tajik writer Sotim Ulug-zade. The novel calls a reader to the elevated sense of patriotism, national selfconsciousness and self-cognition- the theme deserves detailed and thorough consideration in the context of this literary production.
Роцеъ ба муаллиф:
Сироциддини Эмомали, номзади илм^ои филологи, дотсент, директори маркази нашрияи Донишго^и Миллии Тоцикистон (Цум^урии Тоцикистон, ш. Душанде), e-mail: siroiiddin1975@mail. ru
Сведения об авторе:
Сироджиддин Эмомали, кандидат филологических наук, доцент, директор Издательского центра Таджикского национального университета (Республика Таджикистан, г. Душанбе), e-mail: sirojiddin1975@mail. ru
Information of the author:
Sirodjiddini Emomali, Candidate of Philological Sciences, Associate Professor- Director of the Publishing centre under the Tajik National University (Tajikistan Republic, Dushanbe), e-mail: sirojiddin1975@mail. ru

ПоказатьСвернуть
Заполнить форму текущей работой